<?xml version="1.0" encoding="UTF-8"?><song><hymn_number>9</hymn_number>
<lyrics>[V1]
.A       D     A     D     A       E     A
 Аз ҷону дил хоҳам Туро, Масеҳ, ба қалби ман даро.
.      Fism  Cism  Fism Cism    A    E7    A
 //  Бошад Туро он ҷо саро, кун раҳбарӣ маро.  //
.   A   D    A    D     A     E      A
 Ғавғою шӯри ин ҷаҳон номат кунад аз дил ниҳон,
.      Fism   Cism Fism Cism     A    E7    A
 //  Лекин Ту, эй некӯ Шубон, зоҳир кунӣ Худро.  //

[V2]
 Худхоҳиву кибру ғурур аз ман намо якбора дур.
 //  Гардон Ту қалбам пурсурур, хоҳам аз дил Туро.  //
 Дар рӯҳи саргардони ман, дар қалби нофармони ман
 //  Дарою кун дармони ман, фармон барад ҷонам.  //

[V3]
 Гар ин дил аз Исо шавад, ҳар чиз аз Ӯ афзун шавад.
 //  Зиштӣ равад, зебо шавад, тоза шавад дунё.  //
 Сар то сари қалбам агар аз они Ту бошад, Падар,
 //  Чизе нахоҳам ман дигар, пас, эй Худо, биё.  //</lyrics>
<title>Аз ҷону дил хоҳам Туро, Масеҳ, ба қалби ман даро Хд9</title>
<key>A</key>
</song>